Дӯш то субҳ ёр дар бар буд

Дӯш то субҳ ёр дар бар буд,
Ғами ҳиҷрон чу ҳалқа бар дар буд.

Дасти ман буду гарданаш ҳама шаб
Дӣ ҳама рӯз, агарчи бар сар буд.

Бо бари ҳамчу сими содаи ӯ
Корам аз ишқ чун зарбар буд.

Гарчи шабҳои васл буд хушам,
Шаби дӯшин зи шакли дигар буд.

Ё ман аз ишқ зортар будам,
Ё зи ҳар шаб рухат накӯтар буд.

Кас надонад, ки он чӣ толеъ буд,
Ман надонам, ки он чӣ ахтар буд.

Аз фалак то ки субҳ рӯй намуд,
Анварӣ бо фалак баробар буд.