Эй дилбари айёр, туро ёр тавон буд

Эй дилбари айёр, туро ёр тавон буд,
Ғамҳои туро бо ту харидор тавон буд.

Бо доғи ту тан дар ситами чарх тавон дод,
Бо ёди ту андар даҳани мор тавон буд.

Бар бӯйи гули васли ту соле на, ки умре
Аз дасти гули васли ту пурхор тавон буд.

Дар орзуи шаккару бодоми ту сад сол
Бар бистари темори ту бемор тавон буд.

Сад шаб ба таманнои висоли ту чу наргис
Бе наргиси бемори ту бедор тавон буд.

Он ҷо, ки муроди ту ба ҷон кард ишорат,
Бо хасми ту дар куштани худ ёр тавон буд.