Он чи бар ман дар ғами он номусулмон меравад

Он чи бар ман дар ғами он номусулмон меравад,
Биллаҳ, ар бо мӯъмин андар кофаристон меравад.

Дил ба даллоли ғамаш додам, ба дастам боз дод,
Гуфт: – Нақде деҳ, ки ин бо хок яксон меравад.

Ончунон бемаъние корам ба ҷон оварду рафт,
Ин сухан дар ёри бемаънӣ на дар ҷон меравад.

Гуфтам: – Аз беобии чашми замон аст ин магар?
Пешат оби ман кунун тира ба дастон меравад.

Дил кадомӣ саг бувад ҷойе, ки сад ҷони азиз
Дар рикоби камтарин шогирди сагбон меравад?!

Дар тамошогоҳи зулфаш аз пайи тартиби ҳусн
Бод бо фармонравойӣ ҳам ба фармон меравад.

Бод боре зулфи ӯро чун ба фармон шуд чунин,
Деви зулфаш гар на бо муҳри Сулаймон меравад.

Ид будаст, он чи дар Кашмир мерафтаст аз ӯ,
Кори ин дорад, ки акнун дар Хуросон меравад.

Дар миёни оташи дил гарчи ҳар шаб то ба рӯз
Ҷонам аз ёди лабаш дар оби ҳайвон меравад.

Ҳар замон гӯяд:- Чӣ хориҷ меравад акнун зи ман?
Дам намеёрам задан, варна фаровон меравад.

Оби лутф аз ҷониби ӯ меравад бо Анварӣ,
Балки аз инсофу адлу доди Султон меравад.

Хусрави офоқ Зулқарнайни сонӣ Санҷар он-к
Қайсараш дар таҳти фармон ҳамчу хоқон меравад.