Оби ҷамол ҷумла ба ҷӯйи ту меравад

Оби ҷамол ҷумла ба ҷӯйи ту меравад,
Хуршед дар ҷанибати рӯйи ту меравад.

Эй дар рикоби зулфи ту сад ҷон пиёда беш,
Дил дар рикоби рӯйи накӯи ту меравад.

Ҳар рӯз ҳаст бар сари кӯи аҷал ду ид,
Дардо аз он ки бар сари кӯи ту меравад

Ҳар дам ҳазор хирмани ҷон беш мебарад,
Боде, ки дар ҳимояти бӯйи ту меравад.

Ҷон хоҳиям ба бӯсаву бозистӣ зи қавл,
Чун к-ин музоиқат ҳама сӯи ту меравад?

Дар хок менаҷӯям ҷаври замонаро,
Ба он, ки дар замона зи хӯи ту меравад.

Ранҷе намонд Анварӣ, андар ракӯи васл
В-ин ранг ҳам зи ҷинси ракӯи ту меравад.