Даст дар рӯзгор менашавад

Даст дар рӯзгор менашавад,
Пои умр устувор менашавад.

Шоҳиди хубсурат аст амал,
Дар дилу дида хор менашавад.

Рӯзи шодӣ чу рози гардун аст,
Лоҷарам, ошкор менашавад.

Ҳеч ғамро карон намебинам,
То ду чашмам чаҳор менашавад.

Пойбарҷой нест ҳосили даҳр,
Ишқ аз он пойдор менашавад.

Ҳеч имсол дидаӣ ҳаргиз,
Ки дигар сол пор менашавад?!

Пур шуд аз хуни дил канори замин
В-осмон дилфигор менашавад.

Шод мезӣ, ки дар арӯсии даҳр
Ранг чандин ба кор менашавад.

Як тасаллист, в-он тасаллӣ он-к
Марг дар ихтиёр менашавад.

Хуррам он кас, ки нест бар сари хок,
То чунин хоксор менашавад.

Анварӣ, дар миёни ин аҳвол
Ҳеч кас бар канор менашавад.