Васлат ба оби дида муяссар намешавад

Васлат ба оби дида муяссар намешавад,
Дастам ба ҳилаҳои дигар дар намешавад.

Ҳарчанд гирди пою сари дил баромадам,
Ҳечам ҳадиси ҳаҷри ту дар сар намешавад.

Дил бештар зи дида биполуду ҳамчунон
Як зарра-ш орзуи ту камтар намешавад.

Бо он, ки кас ба шодии ман нест дар ғамат,
З-ин як матоам, ин ҳама дарх(в)ар намешавад.

Гуфтам, ки корам аз ғами ишқат ба ҷон расид,
Гуфтӣ: Маро ҳадиси ту бовар намешавад.

Ҷоно, аз ин ҳадис туро худ фароғатест,
Гар боварат ҳамешаваду гар намешавад.

Гӯйӣ чу зар шавад ҳама корат, чу зар бувад,
Корат чу безарист, ки чун зар намешавад.

Миннат Худойро, ки зи иқболи Маҷдидин
Гӯям аз ин сухан ба арақ, тар намешавад.

Дар ҳеч маҷлисе набувад, то чу Анварӣ
Як шоиру дуву се тавонгар намешавад.

Чандон ки аз замон-т барояд, бигир нақд,
Дар Ховарон наям, ки муяссар намешавад.