Чун нестӣ, ончунон ки мебояд

Чун нестӣ, ончунон ки мебояд,
Тан дардодам, чунон ки мебояд.

Гуфтӣ, ки аз ин батар кунам, хоҳӣ?
Алҳақ, на, ки ҳеч дар намебояд.

Бо ин ҳама ғам, ки аз ту мебинам,
Гар хоб дигар набиниям, шояд.

Бо фитнаи рӯзгори ту ид аст,
Ҳар фитна, ки рӯзгор мезояд.

Гуфтам, ки дилам ба бӯса хурсанд аст,
Гуфтӣ надиҳам вагарчи мебояд.

З-ин турфатарат ҳикояте дорам,
Дил бин, ки ҳаме чӣ бод паймояд.

Бӯсе набидиду ҳар замон гӯяд,
Бошад, ки каноре андарафзояд.

Дасте бар неҳ, ки Анварӣ, эй дил,
Аз дасти ту пушти даст мехояд.