Дӯсте якдилам ҳамебояд

Дӯсте якдилам ҳамебояд,
Вагарам хуни дил хӯрад, шояд.

Худ нигаҳ мекунам ба модари даҳр,
То ба умре аз ин яке зояд.

Ҳеч кас нест зери даври фалак,
Ки на з-он беҳтарак ҳамебояд.

Даст гирди ҷаҳон баровардам,
Пои аҳле ба даст менояд.

Анварӣ, рӯзгори қаҳти вафост,
З-ин хасон ҷуз ҷафот нагшояд.

Бо касе гар вафо кунӣ ҳама умр,
Оқибат ҷуз ҷафот нанмояд.