Дил дар ҳавасат зи ҷон барояд

Дил дар ҳавасат зи ҷон барояд,
Ҷон дар ғамат аз ҷаҳон барояд.

Гӯ, ҷону ҷаҳон мабош анде-к
Мақсуди ту аз миён барояд.

Судест тамом агар дилеро,
Як ғам зи ту ройгон барояд.

Ҳамхонаи ҳар кӣ шуд ғами ту,
Зудо, ки зи хонумон барояд.

В-он кас, ки фурӯ шавад ба кӯят,
Деро, ки аз ӯ нишон барояд.

Гӯйӣ, ки агарчи ҳаст комам,
То коми дили фалон барояд.

Лекин зи забони ину он аст
Ҳар таъна, ки аз забон барояд.

Нашнидастӣ, чунон тавон мурд,
Эй ҷони ҷаҳон, ки ҷон барояд.

Дил таънаи ту бидид, бихрид,
То дидаи ину он барояд.

Арзон мафурӯш Анвариро,
Гар боз харӣ, гарон барояд.