Зи ҳиҷрони ту ҷонам мебарояд

Зи ҳиҷрони ту ҷонам мебарояд,
Бикун раҳме, макун, к-охир нашояд.

Фурӯ шуд рӯзам аз ғам, чанд гӯйӣ
Ки мекун ҳилае, то шаб чӣ зояд.

Сияҳрӯии ман чун офтоб аст,
Ба рӯз охир чароғе мебибояд.

Ба як барф оби ҳаҷрат ғам чунон шуд,
Ки аз хунам фуқаъҳо мегушояд.

Гирифтам, дар ғамат умре бипоям,
Чӣ ҳосил, чун замона менапояд?

Дар ин шабҳо дилам бо ишқ мегуфт,
Ки аз васлат чӣ гӯям, ҳечам ояд.

Ҳанӯз ин бар забонаш ногузашта,
Фироқат гуфт: – Оре, менамояд.