Онро, ки ғамат зи дар дарояд

Онро, ки ғамат зи дар дарояд,
Мақсуди ту оламаш барояд.

Дар пойи ту ҳар кӣ кушта гардад
Аз кулли замона бар сар ояд.

Бо ранҷи ту роҳати ду олам
Дар чашм ҳаме муҳаққар ояд.

Худ гар сухан аз висол гӯӣ,
К-он кист, ки дар баробар ояд?

Кас нест, ки дар бисоти ишқат
Аз саффи ниол бартар ояд.

Моему сареву андаке зар,
То ишқи туро чи дарх(в)ар ояд.

Пас бо ҳама дил бигуфта, к-эй мард
Ҳарч ояд, бар сару зар ояд.

Гар дар ҳама умр гӯям, эй васл,
Ҳиҷрон-т зи бому дар дарояд.

З-он то зи ту барнаёядам ком,
Кори ду ҷаҳон ба ҳам барояд.

Таслим кун, Анварӣ, ки ин нақш
Ҳар бор ба шакли дигар ояд.