Сабр бо ишқ бас намеояд

Сабр бо ишқ бас намеояд,
Ёр фарёдрас намеояд.

Дил зи коре, ки пеш менаравад,
Қадиме бозпас намеояд.

Ишқ бо офият наёмезад,
Нафасе ҳамнафас намеояд.

Беғамӣ хуш валоят аст, валек
Зери фармони кас намеояд.

Дод дар корвони хурсандист,
З-он хурӯши ҷарас намеояд.

Гӯйӣ аз ҷон-т мебарояд пой,
Чӣ ҳадис аст, бас намеояд.