Дарди сари дил ба сар намеояд

Дарди сари дил ба сар намеояд,
Пой аз гили ишқ барнамеояд.

Оваҳ, умрам ба раҳна берун шуд,
В-ин бахт зи рахна дарнамеояд.

Гуфтам, шаби айшро бувад рӯзе,
Ин рафт в-аз он хабар намеояд.

Дил хонафурӯш, ному нангам зад,
Дилбар зи татук ба дар намеояд.

Аз ҳарчӣ кунад, хиҷил намегардад,
В-аз ҳарчӣ кунӣ, батар намеояд.

Ҳамдасти замона шуд, ки дар дастон
Рангаш ду чу якдигар намеояд.

Парканда шудам в-аз ошёни ӯ
Як мурғи вафо ба пар намеояд.

Бар ҳаҷр навис, Анварӣ, корат,
Чун кор-т ба ҷаҳд барнамеояд.