Ё васли туро инояте бояд

Ё васли туро инояте бояд,
Ё ҳаҷри туро ниҳояте бояд.

Сад сураи ҳаҷр ме фурӯхонӣ,
Дар шаъни висол ояте бояд.

Дил умр ба ишқ медиҳад ришват,
Охир зи ту дар ҳимояте бояд.

Бӯсе надиҳӣ в-агар тамаъ дорам,
Гӯйӣ ба баҳо вилояте бояд.

Алҳақ, беҳ аз ин баҳо бинатвон ҷуст,
Дар ҳар коре кифояте бояд.

Охир зи ту дар ҷаҳон пас аз умре
Ҷуз ҷавру ҷафо ҳикояте бояд.

В-он гаҳ зи манат чӣ айб меҷӯйӣ,
Ҷуз меҳру вафо шикояте бояд.

Дар хуни мане чаро наяндешӣ,
К-ин дилшударо ҷинояте бояд.