Зи аҳди ту бӯйи вафо менаёяд

Зи аҳди ту бӯйи вафо менаёяд,
Ки аз кӯи ту ҷуз ҷафо менаёяд.

Ҷаҳонест ҳуснат, ки ҷуз тухми фитна
Бар он обу хоку ҳаво менаёяд.

Магар бар куҷо омад осеби ҳаҷрат,
Нишон деҳ, бигӯ, бар куҷо менаёяд.

Чунон даст бар хун равон кард чашмат,
Ки як тири ғамза-ш хато менаёяд.

Баномэзад, аз дӯстони замона
Яке бо яке ошно менаёяд.

Аз ин пас вафорасм ҳаргиз маё гӯ
Чу дар навбати ишқи мо менаёяд.

Хуш он, к-ам ту гӯйӣ бирав, аз пай ту
Касе менаёяд, чаро менаёяд.

Ғами ту каси тусту ҳаргиз набинӣ,
Ки пайдарпаям дар қафо менаёяд.

Бисоз, Анварӣ, бо бало, к-аз ҳаводис
Бар озодагон ҷуз бало менаёяд.