Тоқатам дар фироқи ту бирасид

Тоқатам дар фироқи ту бирасид,
Сабр якборагӣ зи ман бирамид.

То гирифтори ишқ шуд ҷонам,
Бар дилам боди хуррамӣ навазид.

Чарх бар рӯзномаи умрам,
Ҳама гӯйӣ, нишони ҳаҷр кашид.

Ақл кӯшид бо ғамат якчанд,
Оқибат ҳам тариқи аҷз гузид.