Ғорати ишқат ба дилу ҷон расид

Ғорати ишқат ба дилу ҷон расид,
Об зи доман ба гиребон расид.

Ҷону диле доштам аз чизҳо,
Навбати он низ ба поён расид.

Гуфтам: «Ҷоне ба сар ояд маро»,
Ишқи ту охир ба сари он расид.

Бо ту чӣ созам, ки чу афғон кунам,
З-он чи ба ман дар ғами ҳиҷрон расид.

Бишнавӣ афғонаму гӯйӣ ба танз:
«Кори фалон зуд ба афғон расид».

Руқъаи дардам зи ту бечоравор
Нимшабон дӯш ба кайвон расид.

Гар ту туӣ, зуд, ки хоҳанд гуфт:
«Сӯзи фалон дар тани баҳмон расид».