Ҳеч донӣ, ки сари сӯҳбати мо дорад ёр

Ҳеч донӣ, ки сари сӯҳбати мо дорад ёр,
Сари пайванд чу ман боз фуруд орад ёр?

Кошкӣ ҳеч касе з-ӯ хабаре медиҳадӣ,
То аз ин воқиа худ ҳеч хабар дорад ёр.

Ту бибинӣ, ки маро ишвадиҳон хандоханд
Солҳо зор бигирёнаду бигзорад ёр.

Ёрат ар ҷавр кунад, худ чӣ кунад, чун ба итоб
Хун бирезад, ки ҳаме мӯй наёзорад ёр.

Анварӣ, ҷони ҷаҳон гиру кам ангор диле,
Пеш аз он, к-ат ба ҳамин рӯз кам ангорад ёр.