Эй шуда аз рухи ту тоб қамар

Эй шуда аз рухи ту тоб қамар,
В-эй шуда аз лаби ту об шакар.

Аз руху зулфи хеш дар олам
Фитнае дарфикандӣ, эй дилбар.

Чеҳра пинҳон макун, ки дар хубӣ
Чун ту соҳибҷамол нест дигар.

Ошиқони туро бад-ин уммед,
То бибинандат, эй парипайкар.

Дар ҳавои ту мондаанд бадард,
Чеҳра пурхуну сина пурахтар.

Нест чун Анварӣ яке ошиқ
Бо лаби хушку бо ду дидаи тар.