Эй писар, бардаи қаландар гир

Эй писар, бардаи қаландар гир,
Парда аз рӯйи корҳо баргир.

Куфру ислом кори кас накунад,
Ошён з-ин ду шох бартар гир.

Ин ду маъшуқаи ду қавм шудаст,
Ту бирав, мазҳаби се дигар гир.

Пой дар банди ону ин чӣ кунӣ,
Худсаре бошу кор аз сар гир.

Раҳбарони ту раҳзанони туанд,
Кам ин муште аҳмақи хар гир.

Пеш, к-ин раҳбарон раҳат бизананд,
Роҳи бутхонаҳои Озар гир.