Касе ки рӯи ту бинад, нигаҳ ба кас накунад

Касе ки рӯи ту бинад, нигаҳ ба кас накунад,
Зи ишқ сер набошад, зи айш бас накунад.

Дар ин равиш, ки туӣ, пеши ҳар кӣ боз оӣ,
Гараш ба теғ занӣ, рӯй бозпас накунад.

Чунон ба пои ту дар мурдан орзумандам,
Ки зиндагонии хешам чунон ҳавас накунад.

Ба муддате нафасе ёди дӯсте накунӣ,
Ки ёди ту натавонад, ки як нафас накунад.

Надонамат, кӣ иҷозат навишту фатво дод,
Ки хуни халқ бирезӣ, макун, ки кас накунад.

Агар насиб набахшӣ, назар дареғ мадор,
Шакарфурӯш чунин зулм бар магас накунад.

Бинол, Саъдӣ, агар ишқи дӯстон дорӣ,
Ки ҳеч булбул аз ин нола дар қафас накунад.