Эй ҷаҳонро ба ҳазрати ту ниёз

Эй ҷаҳонро ба ҳазрати ту ниёз,
Дари ҷоҳи ту то қиёмат боз.

Даргаҳат қиблае, ки дар кеҳу меҳ
Хидмати ӯ фариза шуд чу намоз.

Гираҳи абруи сиёсати ту
Оштӣ дода кабкро бо боз.

Назари раҳмату риояти ту
Эминӣ дода озро зи ниёз.

Дар завоёи сояи адлат
Фитна дар хоб карда пой дароз.

Гар ҷаҳонро бувад зи ҳаҷми ту садд,
Марг ҳайрон зи даҳр гардад боз.

В-ар фалакро бувад зи рои ту меҳр,
Дари шаб то абад кунанд фароз.

Он ҳақиқат камоли туст, ки нест
Осмонро дар ӯ муҳолу муҷоз.

В-он саодат вуҷуди туст, ки нест
Ҳадасонро бар ӯ умеди ҷавоз.

Эй зи ҷоҳат шаби ситам дар санг,
Хуррамат бод рӯзи сангандоз!