Тахтаи ишқ барнавиштам боз

Тахтаи ишқ барнавиштам боз,
Барнавис, эй нигор, тахтаи ноз.

То бар устоди ошиқӣ хонем
Рӯзаке чанд боби нозу ниёз.

Варақе боз кун зи аҳди қадим
Боз кун хоки ишва аз сари оз.

Ҳин, ки рӯзу шаби замона ҳаме
Варақи умрамон кунанд фароз.

Чанд гӯйӣ, замона дар пеш аст?
Бар вафои замона ҳеч маноз!

Қисса кӯтоҳ кун, ки кӯтаҳ кард
Рӯзи уммед интизори дароз.