Қиёмат мекунӣ, эй кофар, имрӯз

Қиёмат мекунӣ, эй кофар, имрӯз,
Надонам, то чӣ дорӣ дар сар имрӯз.

Ба таъна заҳр пошидӣ ҳаме дӣ,
Ба ханда мефишонӣ шаккар имрӯз.

Ду ҳорути ту гар дӣ буд ҷонбар,
Ду ёқути ту шуд ҷонпарвар имрӯз.

Лабат то даст гирад ошиқонро,
Бурун омад ба дасте дигар имрӯз.

Туӣ султони бутрӯён, ки дар ҳусн
Надорад чун ту султон Санҷар имрӯз.

Ба ҳаққи он, ки дод, эй бут, ҷамолат,
Ба ҳоли банда як дам бингар имрӯз.