Ҷамолат ишқ меафзояд имрӯз

Ҷамолат ишқ меафзояд имрӯз,
Рухат ғораткунон меояд имрӯз.

Маҳу хуршед дар хубию кашшӣ
Ғуломи рӯйи хубат шояд имрӯз.

Сари зулфат сари он дорад акнун,
Ки рози ошиқон бигшояд имрӯз.

Баномэзад, нигоро, аз накӯйӣ
Чунонӣ, к-ат чунон мебояд имрӯз.