Ҷоно, ба ғарибистон чандин бинамонад кас

Ҷоно, ба ғарибистон чандин бинамонад кас,
Боз ой, ки дар ғурбат қадри ту надонад кас.

Сад нома фиристодам, як номаи ту н-омад,
Гӯйӣ хабари ошиқ ҳаргиз нарасонад кас.

Дар пеши рухи хубат хуршед наяфрӯзад,
Дар пеши саворон хар ҳаргиз бинаронад кас.

Ҳар к-ӯ зи майи васлат як ҷом биёшомад,
То зинда бувад, ӯро ҳушёр нахонад кас.