Нигоро, бар сари аҳду вафо бош

Нигоро, бар сари аҳду вафо бош,
Дар ойини накӯаҳдӣ чу мо бош.

Чунон к-аз мо ҷудойӣ, моҳрӯё,
Зи ҳар-ч, он ҷуз вафо бояд, ҷудо бош.

Маро хасм аст дар ишқи ту бисёр,
Наяндешам, ту бар хоки ризо бош.

Чу бо ҷонам ғами ту ошно шуд,
Макун бегонагиву ошно бош.

Нигорино, туро бошад ҳама умр,
Худовандӣ куну як дам маро бош.