Дӯш дар раҳ нигорам омад пеш

Дӯш дар раҳ нигорам омад пеш,
Он ба хубӣ зи моҳи гардун беш.

Гашта аз рӯю зулфи хунхораш
Хок гулрангу бод мушкпареш.

Чун маро дид соате аз дур
Он бути некҳоҳи некандеш,

Ба ишорат, ниҳон зи душман гуфт
К-ассалому алайк, эй дарвеш.