Ба ҷон омад маро кор аз дили хеш

Ба ҷон омад маро кор аз дили хеш,
Ғамӣ гаштам зи кори мушкили хеш.

Дар он дарё шудастам ғарқа, к-он ҷо
Ба ҷуз ғам менабинам соҳили хеш.

Ба роҳи васл мепӯям, валекин
Ҳама дар ҳаҷр бинам манзили хеш.

Мабодо ҳеч осоиш диламро,
Агар ҷуз ранҷ бинам ҳосили хеш.

Агар кас қотили худ буд, ҳаргиз,
Манам он кас, нахустин қотили хеш.