Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 23

Яке аз бандагони Амри Лайс гурехта буд. Касон дар ақибаш бирафтанд ва бозоварданд. Вазирро бо вай ғаразе буд ва ишорат ба куштан фармуд, то дигар бандагон чунин феъл раво надоранд. Банда пеши Амр cap бар замин ниҳоду гуфт:

Ҳар чӣ равад бар сарам, чун ту писандӣ, равост,
Банда чӣ даъво кунад, ҳукм Худовандрост.

Аммо ба мӯҷиби он ки парвардаи неъмати ин хонадонам, нахоҳам, ки дар қиёмат ба хуни ман гирифтор оӣ. Агар бегумон ин бандаро бихоҳӣ кушт, ба таъвили шаръӣ бикуш, то дар қиёмат маъхуз ба фармони ҳақ набошӣ.

Амр гуфт:

- Таъвил чӣ гуна аст?

Гуфт:

- Иҷозат фармой, то вазирро бикушам, ба қисоси ӯ бифармой хуни маро рехтан, то баҳақ, кушта бошӣ.

Маликро ханда гирифт, вазирро гуфт:

- Чӣ маслиҳат мебинӣ?

Гуфт:

- Эй худованди ҷаҳон, аз баҳри Худой ин шӯхдидаро ба садоқати ғӯри падар озод кун, то маро дар балое наяфканад. Гуноҳ аз ман аст ва қавли ҳукамо муътабар, ки гуфтаанд:

Чу кардӣ бо кулӯхандоз пайкор,
Сари худро ба нодонӣ шикастӣ.
Чу тир андохтӣ дар рӯи душман,
Ҳазар кун, к-андар омоҷаш нишастӣ.