Киро дар шаҳр баргӯям ғами дил

Киро дар шаҳр баргӯям ғами дил,
Ки ояд дар ду олам маҳрами дил?

Диле дорам, ҳамеша ҳамдами ғам,
Ғаме дорам, ҳамеша ҳамдами дил.

Диле олам намедонам, яқин дон,
Аз он афтодаам дар олами дил.

Дилеву сад ҳазорон оҳи хунин,
Зи ҳад бигзашт, алҳақ, мотами дил.

Канори марҳамат ар боз гирӣ,
Ба хирворон фурӯ резам ғами дил.