Соқӣ андар хоб шуд, хез, эй ғулом

Соқӣ андар хоб шуд, хез, эй ғулом,
Бодаро дар ҷоми ҷон рез, эй ғулом.

Бо ҳарифи ҷинс дарсоз, эй писар,
Дар шароби лаъл овез, эй ғулом!

Чанд гӯйӣ: «Маст гаштам, май бинеҳ!»
Вақти мастӣ нест, мастез, эй ғулом!

Чанд парҳезӣ аз ин парҳез, чанд?
Аз чунин парҳез парҳез, эй ғулом!

Беш аз ин бадхӯию тундӣ макун,
Соате бо ман биёвез, эй ғулом.

Дар паноҳи бода шав чун Анварӣ
В-аз ғами айём бигрез, эй ғулом!