То ба меҳри ту тавалло кардаам

То ба меҳри ту тавалло кардаам,
Аз ҳама хубон табарро кардаам.

Ҳар ғаме, к-ояд ба рӯйи ман зи ту,
Ҷойи он дар сина пайдо кардаам.

Кай фуруд ояд ғамат ҷойи дигар,
Чун ман асбобе муҳайё кардаам.

Дар баҳои ҳар ғаме хоҳӣ диле,
В-он гаҳе гӯйӣ муҳобо кардаам.

Баски дар уммеди фардо дар ғамат
Бо дили мискин мудоро кардаам.