Яъламуллаҳ, ки дӯстдори туам

Яъламуллаҳ, ки дӯстдори туам,
Ошиқи зори беқарори туам.

Бе ту, ай ҷону дидаи равшан,
Чун сари зулфи тобдори туам.

Дар сари ман хумори андуҳи туст,
То ки бе рӯйи чун нигори туам.

Арғавонам чу заъфарон бе дард,
То ки бе чашми пурхумори туам

Ҳар шабе дар канори ғам ҷастам,
То чаро дур аз канори туам.

Ёри дарду ғамам мадор, ки ман,
Охир эй моҳруй, ёри туам.