Рӯй надорам, ки рӯй аз ту битобам

Рӯй надорам, ки рӯй аз ту битобам,
З-он ки чу рӯйи ту дар замона наёбам.

Чун ҳама олам хаёли рӯйи ту дорад,
Рӯй зи рӯят,бигӯ, чӣ гуна битобам?

Ҳилагарӣ чун кунам ба ақл, чу гум кард
Ишқ сари риштаи хатову савобам.

Не зи ту битвон бурид, то бишикебам,
Не ба ту битвон расид, то бишитобам.

Ман чу шаб аз меҳнати ту ҳеч нахусбам,
Шояд к-андар хаёли васл бихобам.

Роҳатам аз рӯзгори хеш ҳамин аст,
Ин ки ту донӣ, ки бе ту дар чӣ азобам.

Гуфтӣ хоҳам, ки номи ман набари ҳеч,
З-он ки аз ин беш нест барги ҷавобам.

Арбада бар маст ҳеч хурда нагиранд,
Бо ман аз инҳо макун, ки масту харобам.