Эй зулфи тобдори туро сад ҳазор хам

Эй зулфи тобдори туро сад ҳазор хам,
В-эй ҷони ғамгусори маро сад ҳазор ғам.

Холӣ нагардад аз ғами ишқи ту ҷони ман,
То ҳалқаҳои зулфи ту холӣ нашуд зи хам.

Ба орази ту ҳалқаи зулфи ту гӯиё
К-аз мушк чашмаҳост, ба гулбарги тар рақам.

Ё силсила-ст аз шаба бар гирди офтоб,
Ё бехҳои шаб зада бар рӯйи субҳдам.

Эй дар хиҷолати руху зулфи ту рӯзу шаб,
В-эй дар ҳимояти лабу чашми ту шаҳду сам.

Эй пушти ман зи ишқи ту чун абруи ту кӯж
В-эй бахти ман зи юмни ту чун чашми ту дижам.

Ҷонам зи ҷазъу лаъли ту пурдарду пуршифост,
Табъам зи рӯю мӯйи ту пурнуру пурзалам.

Аз пой то ба сар ҳама банд аст зулфи ту,
З-он рӯй баста дорадам аз фарқ то қадам.

Аз банди ту чӣ гуна бувад рӯйи ҷастанам,
К-он дам, ки аз ту дуртарам, бо туам ба ҳам.

Дар чашми дил маро ту чунонӣ, ки дил чу хасм
Пайваста дорадам ба висоли ту муттаҳам.

Эй дар дилам хаёли ту шакке беҳ аз яқин,
В-эй дар сухан лаби ту вуҷуде кам аз адам.

Кам кун зи сар такаббуру биншин, ки Анварӣ
Дар ишқ чун миёну лабат гашт кам зи кам.