Эй мусулмонон, зи ҷон сер омадам

Эй мусулмонон, зи ҷон сер омадам,
Бе нигорам аз ҷаҳон сер омадам.

Гар набудӣ ҷон, кӣ дидӣ ҳаҷри ӯ?
Аз вуҷуди худ аз он сер омадам.

Шодие бояд зи ғам охир маро,
Аз ғами он дилситон сер омадам.

Аз дилам ҳаргиз напурсад он нигор,
Аз мурооти замон сер омадам.

Гуфтам: «Аз сафро зи ман сер омадӣ?»
Гуфт он кофар, ки «ҳон, сер омадам».