Бад-он азмам, ки дигар раҳ ба майхона камар бандам

Бад-он азмам, ки дигар раҳ ба майхона камар бандам,
Дил андар васлу ҳаҷри он бути бедодгар бандам.

Ба риндӣ сар барафрозам, ба бода рух барафрӯзам,
Раҳи майхона баргирам, дари томот барбандам.

Чу урён монам аз ҳастӣ, қабоҳои бақо дӯзам,
Чу муфлис гардам аз ҳастӣ, камарҳои базар бандам.

Гарам ёри хароботӣ ба кеши хеш бифребад,
Ба зуннораш, ки дар соат чу ӯ зуннор дарбандам.

Зи хайру шар чу ҳосил шуд сар аз гардун баровар худ,
Мани нодон чӣ маъниро дил андар хайру шар бандам?!

Чу кас воқиф намегардад ҳаме бар сирри кори ӯ,
Ҳамин бандам дил, охир, беҳ, ки дар кори дигар бандам.