Дил боз ба ошиқӣ дарафкандам

Дил боз ба ошиқӣ дарафкандам,
Бардод ба бод аҳду савгандам.

Пайваст ба шавқ то дигарбора,
Бибрид зи хосу ом пайвандам.

Барканд ба дасти ишва аз бехам,
То бехи салоҳу тавба баркандам.

Пандам бидиҳад, ҳамешавад дар сар
Ин бор, ки нек-нек дар бандам.

Чун бастаи банди ошиқӣ бошам,
Кай суд кунад насиҳату пандам?!

Аз марҳами васл фориғам, зеро
К-аз ёр ба дарди ҳаҷр хурсандам.

Охир шаби ҳаҷр бигзарад бар ман,
Гар бигзоранд рӯзаке чандам.