Ҳарчанд ба ҷои ту вафо дорам

Ҳарчанд ба ҷои ту вафо дорам,
Ҳам аз ту таваққуъи ҷафо дорам.

Дар сар зи ту ҳамчунон ҳавас дорам,
Дар дил зи ту ҳамчунон ҳаво дорам.

Аз ман чу ҷаҳон мабур, ки ту донӣ,
К- аз давлати ин ҷаҳон туро дорам.

Бегона машав чу дину дил бо ман,
Чун бо ғами ту дил ошно дорам.

Гӯйӣ, ки магӯй роз бо хасмон,
Ҳошо лиллаҳ, ки ин раво дорам.

Лекин ба гил офтоб чун пӯшам,
Чун пушт чу моҳи нав дуто дорам?!