Биё, ки бо сари зулфи ту корҳо дорам

Биё, ки бо сари зулфи ту корҳо дорам,
Зи ишқи рӯйи ту дар сар хуморҳо дорам.

Биё, ки чун ту биёӣ, ба вақти дидани ту
Зи дидагон қадаматро нисорҳо дорам.

Биё, ки бе рухи гулрангу зулфи гулбӯят
Шикаста дар дилу дар дида хорҳо дорам.

Биё, ки дар паси зону зи чанд рӯзи фироқ
Ҳазорсола фузун интизорҳо дорам.

Чу омадӣ, марав аз дасти ман, ки дар ҳама умр
Ба бӯса бо лаби лаълат шуморҳо дорам.

На ҷаври бахти ману рӯзгори меҳнати ту
Захираҳои басе рӯзгорҳо дорам.

Маро зи ёд мабар, он мабин, ки дар руху чашм
Зи гӯшу гардани ту ёдгорҳо дорам.

Хатост ин, ки ҳамегӯям, ин тамаъ накунам,
Ки дастбурди тамаъ чандборҳо дорам.

Қарорҳои маро бо ту рангу бӯйе нест,
Ки бо замонаи инҳо қарорҳо дорам.

Зи кори хеш тааҷҷуб ҳамекунам, ё раб,
Чу нордони фурӯбаста корҳо дорам.