Ишқат андар миёни ҷон дорам

Ишқат андар миёни ҷон дорам,
Ҷон зи баҳри ту бар миён дорам.

То маро бар сари ҷаҳон дорӣ,
Ба сарат, гар сари ҷаҳон дорам.

Гӯйӣ аз дасти ҳаҷр ҷон набарӣ,
Ғофилам, гар на ин гумон дорам.

Бар сарам ҳаҷри ишқ бинвиштаст,
Як ба як бар сари забон дорам.

Аз асарҳои толеъи ишқат
Чун қазоҳои осмон дорам,

Беш пой аз қафои ҳаҷр манеҳ,
Мани бечора низ ҷон дорам.

Ҷонам андар баҳои васл бихар,
Гарчи бар ҳаҷр дил зиён дорам.

Гӯйӣ аз ҷон касе ҳадис кунад,
Чӣ кунам, дар киёӣ он дорам.

Бар ту аҳволи Анварӣ пайдост,
Бо такаллуф чаро ниҳон дорам?!