Ҳарчанд ғами ишқат пӯшида ҳамедорам

Ҳарчанд ғами ишқат пӯшида ҳамедорам,
Ҳар кас, ки маро бинад, донад, ки ғаме дорам.

Гуфтам, ки фурӯ гӯям бо ту тарафе з-ин ғам,
З-андешаи ғам хун шуд, ҳам заҳра намедорам.

Бо он ки ба ҳар фурсат сад нукта дарандозам,
Ҳам дар ту намегирад, чӣ суд ҳаме дорам?

Гӯӣ, ки чу зар орӣ, кори ту чу зар гардад,
Ҳаққо, ки агар ҷуз ҷон ваҷҳи дираме дорам.

Аз Анвариву ҳолаш донам, ки наӣ беғам,
В-аз булаҷабӣ гӯйӣ, к-ин ғам чӣ каме дорам.