Ҷуз сари пайванди он нигор надорам

Ҷуз сари пайванди он нигор надорам,
Гарчи аз ӯ ҷуз дили фигор надорам.

Ҳар нафасам ёди ӯст, гарчи аз ӯ ман
Ҷуз нафаси сард ёдгор надорам.

Шод бидонам, ки дар фироқи ҷамолаш
Ҷуз ғами ӯ ҳеч ғамгусор надорам.

З-он нашавам ранҷа аз ҷафош, ки дар ишқ
Сирати ушшоқи рӯзгор надорам.

В-аз ғами ҳиҷрони ӯ ба костани тан
Ҳеч ғами дигар эътибор надорам.