Дорӣ хабар, ки дар ғамат аз худ хабар надорам

Дорӣ хабар, ки дар ғамат аз худ хабар надорам,
В-аз ту ба ҷуз ғами ту насибе дигар надорам.

Ҳастам ба хоки пою ба ҷону сарат ба ҳоле,
К-имрӯз дар ғами ту сару пою сар надорам.

Манмой дарди ҳаҷр аз ин бештар, ки донӣ
Аз ҳад гузашту тоқат аз ин бештар надорам.

Дардо, ки бар умеди висоли ту дар фироқат
Аз ман асар намонду зи васлат асар надорам.

Эй ҷону дил бибурдаву дар парда хуш нишаста,
Ҳон, то зи рӯи рози ниҳон парда барнадорам.

Ашки чу сим дораму рӯйи чу зар аз ин ғам,
К-андархури ҷамолу рухат симу зар надорам.

Дорам зи ғам ҳазор ҷигар хуну Анвариро
Шаб нест, то ба хуни ҷигар дида тар надорам.