Агар нақши рухат бар ҷон надорам

Агар нақши рухат бар ҷон надорам,
Ба зулфи кофират имон надорам.

Зи ту як дардро дармон мабодам,
Агар сад дарди бедармон надорам.

Зи ишқат розҳо дорам, валекин
Зи бесабрӣ яке пинҳон надорам.

Сабуриро магар маъзур дорӣ,
Диле мебояду ман он надорам.

Маро гӯйӣ: Зи пайвандам чӣ дорӣ?
Чӣ дорам? Ҷуз ғами ҳиҷрон надорам.

Гар аз ту бӯсае хоҳам ба ҷоне,
Ту гӯйӣ: – Бӯсае арзон надорам.

Лабат дандонам аз ҷо баркашидаст,
Чу гӯйӣ, бо лабат дандон надорам.