Биё, то бибинӣ, ки ман бар чӣ корам

Биё, то бубинӣ, ки ман бар чӣ корам,
Наёӣ, маё, барги ин ҳам надорам.

Ба ҷоне, ки бе ту маро мебарояд,
Чӣ бояд ҷаҳоне ба ҳам барнаёрам.

Диле дорам, он ҷо на бепоймардам,
Ғаме дорам, он ҷо на бе дастёрам.

Маро гӯйӣ: Аз ишқи ман бар чӣ корӣ?
Агар кор ин аст, бар ҳеч корам.

Манам гоҳу бегоҳ дар дахлу харҷе,
Ғаме меситонам, даме месупор.

Ғамат бо дилам гуфт, к-аз ишқ чунӣ,
Нафас барнаёвард, яъне ки зорам.

Чӣ гӯйӣ ғами ту бад-он сар дар дорад,
Ки дар сояи давлаташ сар барорам.

Фироқи ба рӯзи худат ҳам бибинам,
Агар ҳеч боқист бар рӯзгорам.