Умр бе ту ба сар чӣ гуна барам

Умр бе ту ба сар чӣ гуна барам,
Ки ҳама бе ту рӯзу шаб шумарам?

Хунҳо аз ту дида полудам,
Рахна-рахна шуд аз ғамат ҷигарам.

Ту зи шодиву хуррамӣ бархур,
Ки ман аз ту ба ҷуз ҷигар нах(в)арам.

Магар ин буд бахшишам зи фалак,
Ки зи дасти ғами ту ҷон набарам.

Чанд бартофтам зи кӯйи ту рӯй,
Бо қазо барнаёмад он ҳазарам.