Корам ба ҷон расиду ба ҷонон намерасам

Корам ба ҷон расиду ба ҷонон намерасам,
Дардам зи ҳад гузашту ба дармон намерасам.

Имону куфр нест маро дар ғамаш, ки ман
Дар кори ӯ ба куфру ба имон намерасам.

Роҳест бекарона ғами ишқашу маро
Чун пойи сабр нест, ба поён намерасам.

Ёрест бас азиз, ба мо з-он намерасад,
Сабрест бас шигарф, бад-ӯ з-он намерасам.

Гӯяд ба мо зи ҳурмати мо кам ҳамерасӣ,
Ҳурмат баҳонаест, зи ҳирмон намерасам.

Султони ишқи ӯ чу диламро асир кард,
Маъзурам, ар ба хидмати султон намерасам.