Дил рафту ин батар бари дилбар намерасам

Дил рафту ин батар бари дилбар намерасам,
Кон меканам, валек ба гавҳар намерасам.

Дарвешҳол кард ғами ишқи ӯ маро,
З-он дар висоли ёри тавонгар намерасам.

Боғи висолро ба ҳама ҳолҳо дар аст,
Гумраҳ шудам зи ҳаҷр бад-он дар намерасам.

Дорад висоли ёр яке пояи баланд,
Оре, маро чӣ ҷурм бувад, барнамерасам.

Ҳиҷрони ёр ҳаст маро, гар висол нест,
Бо ӯ бисохтам, чу ба дигар намерасам.